Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

МОҲИЯТ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТПАЗИРИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ДИН

МОҲИЯТ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТПАЗИРИ ТАТБИҚИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ДИН

Рӯзи 1-уми майи соли равон бо иштироки роҳбарият, садорати факултету кафедраҳо ва дигар шуъбаву бахшҳои донишгоҳ дар мавзуи «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин: моҳият ва самтҳои афзалиятпазири татбиқи он» семинар баргузор гардид. Дар он мутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Қаландаров суханронӣ намуд. 
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия М. Бӯриева самтҳои дахлдори сиёсати давлатӣ дар соҳаи динро шарҳ дода, дар бораи таҳия гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ изҳори андеша кард. 
Гуфта шуд, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2018, таҳти №1042 қабул гардидааст. Мутобиқи он, вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд, ки ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд. Семинари навбатӣ низ дар ин асос бо иштироки доираи васеи устодону кормандон гузаронида мешавад. 
Мутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин ва ҷашну маросим Бурҳониддин Қаландаров дар идома илова намуд, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд. Ҳадафи асосии ин консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад. 
Ба иттилои мавсуф, имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 иттиҳодияи ғайриисломӣ ба қайд гирифта шудааст. Номбурда дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони ҳамаи динҳо маълумот дода, дастовардҳои дар соҳаи дин овардаи даврони соҳибистиқлолии кишварро шарҳ дод. 
Аз ҳозирин даъват кард, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, дар ташаккули ҳисси баланди худшиносии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, саҳм гузоранд. 
Дар қисмати музокиравии семинар Абдулло Давлатзода, сардори раёсати тарбия ва Ҷамрод Бобоев, мудири кафедраи ҳуқуқи молиявӣ, иқтисодӣ ва зиддикоррупсионӣ ибрози андеша намуданд. 


Шуъбаи иттилоот ва нашрия