Хабарҳо

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР ДДМИТ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2025 Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шуд. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2025 №287 Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин гардид.
Вобаста ба ин дар донишгоҳ ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иштироки намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон ва кормандони таълимгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа Ҳикматуллозода Неъматулло, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъиноти кадриро ба ҳозирин эълон кард.
Ҷамрод Бобозода, профессори ДДМИТ ба Абдуалимзода Ҳ.А. барои фаъолияти пурсамар ва ободкориҳои таълимгоҳ, ки дар муддати роҳбарӣ кардааст, изҳори сипос намуд ва ба ректори навтаъингардида Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор барои пешбурди фаъолият дар донишгоҳ ва ободонию пешравии он комёбӣ ва муваффақият хост.
Дар охир ректори навтаъини донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор баромад карда, гуфт, ки ба коллективи меҳнатӣ такя намуда, ҳамаи супоришу дастурҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вогузоршударо бо масъулияти баланд иҷро хоҳем кард. Ректори тозатаъиншуда ҳайати профессорону устодон ва кормандонро дар иҷрои вазифаҳои худ ба муташаккилӣ ва меҳнати софдилона ҳидоят кард.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия