Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ МУАЙЯН ГАРДИД

БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗ МУАЙЯН ГАРДИД

Рӯзи 2-юми майи соли равон дар ДДМИТ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ғолибону ширкаткунандагони фаъол бо ҷоизаву мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. 
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 1-2 майи соли равон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ДДМИТ баргузор намуд, ки дар он 120 донишҷӯ аз 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок карданд. 
Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти ДДМИТ қайд карданд, ки ҳадафи гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндаи соҳаи андоз ва андозбандӣ ва дарёфти мутахассисони лаёқатманд буда, баргузории чунин озмун таъмини ҳамбастагии назария бо амалия мебошад. 
Гуфта шуд, ки ҳакамон посухи ширкаткунандагонро аз рӯи адолату шаффоф баҳогузорӣ намуда, ба дастаҳо баҳои холисона ва воқеӣ доданд. 
Ёдовар мешавем, ки ғолибон аз рӯи ду номинатсия - «Даставӣ-амалӣ» ва «Даставӣ-назариявӣ» иштирок карданд. 
Дар номинатсияи «Даставӣ-амалӣ» ҷойи якум насиби дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷойи дуюм - дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиб гардиданд. 
Дар номинатсияи «Даставӣ-назариявӣ» бошад, ҷойи якумро дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи Донишкадаи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дастаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор шуданд. 
Ба ҳайати ҳакамон, Собир Вазирзода, Обиди Муҳаммадсаид, Комрон Саидов ва Умед Абдулмаҷидзода барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои пайвастаи судманди дуҷониба ва ҷиҳати шаффоф ва одилона баҳогузорӣ ва ҷамъбаст намудани озмуни мазкур бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. 
Дар анҷоми маросим дар вазъияти тантанавӣ ба ҳама ғолибону иштирокдорон Диплому Ифтихорнома ва Сипосномаю туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд. 


Шуъбаи иттилоот ва нашрия