Хабарҳо

9-Май Рӯзи ибрат ва ифтихор
Таҳти ин унвон санаи 5-уми майи соли равон дар факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ бахшида ба 80-солагии Рӯзи ғалаба чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид, ки дар он намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал Рустам Раҳимов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети иқтисод ва бизнес ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, қайд кард, ки ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост.
Сипас, Муллобақо Муллоев, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, Радион Михайлов, собиқадори ҷангу меҳнат ва Муҳаббати Муродалӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуда, оиди қаҳрамониҳои мардуми Собиқ Шуравӣ ибрози андеша карданд.
Гуфта шуд, ки Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намояндагони ҳама халқу миллатҳои мардуми Шуравӣ ширкат карда, дар пирӯзии Иттиҳоди Шуравӣ бар Германияи фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 58 ҳазор ҷанговар мардонигию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ ва 54 нафар аз размандагони Тоҷикистон бо баландпоятарин унвони давраи Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардидаанд.
Дар анҷом, чорабинии фарҳангӣ иборат аз шеъру тарона ва рақсу суруд пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷанговарони интернасионалисти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба якчанд нафар устодони факултет Сипоснома ва ба Умеда Ҳомидова, мутахасиси раёсати корҳои тарбиявӣ дафтарчаи узви ҲХДТ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия