Хабарҳо

Оғози мусобиқаи футбол барои дарёфти "Ҷоми ректори ДДМИТ-2025"
Санаи 5 майи соли 2025, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ ва дастгирии кафедраи тарбияи ҷисмонӣ чорабинии варзишии бошукуҳ баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ Ректори донишгоҳ муҳтарам Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор баромад намуда, аҳаммияти тарғиби тарзи ҳаёти солим, нақши варзиш дар ташаккули шахсияти комил ва саҳми ҷавононро дар пешбурди ҷомеаи муосир таъкид кард. Зимни баромади худ ӯ ҷавононро ба дӯст доштани варзиш, фаъолияти ҷисмонӣ ва эҳтироми арзишҳои солими иҷтимоӣ даъват намуд.
Сипас мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Шокиров Собир ба ректори донишгоҳ ва иштирокчиёни ҷамъомад оид ба ҷараёни омодагиҳо ва низоми баргузории мусобиқа ҳисобот пешниҳод намуд. Баъди садо додани Суруди миллӣ, дастаҳои иштирокчӣ бо шукӯҳу тартиби баланд аз назди ҳайати роҳбарият ва мухлисон гузар карданд.
Мусобиқаи футбол расман оғоз гардида, нахустин бозӣ миёни дастаҳои факултети молия ва қарз ва факултети андозбандӣ ва соҳибкорӣ сурат гирифт.
Лозим ба зикр аст, ки барои соҳиб шудан ба "Ҷоми Ректори ДДМИТ-2025" дар маҷмӯъ 8 даста аз факултетҳои гуногуни донишгоҳ иштирок менамоянд. Ин мусобиқа дар фазои дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми мутақобила баргузор шуда, ҳадафи он тарғиби ҳаёти солим, таҳкими муносибатҳои ҷавонон ва баланд бардоштани нақши варзиш дар муҳити донишгоҳӣ мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ изҳори умедворӣ менамояд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушду таҳкими нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.