Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН»
6-уми майи соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ озмуни умумидонишгоҳии “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 25 нафар донишҷӯ ширкат варзида, қувваозмоӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун тибқи Низомнома аз рӯи мутолиаи 9 асари безаволи Пешвои миллат, аз қабили “Чеҳраҳои мондагор”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Уфуқҳои Истиқлол”, “Тоҷикон дар оинаи таърих “Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Бист қадами созанда”, “Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор” ва “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” роҳандозӣ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани неруи зеҳнӣ, шавқу завқи мутолиаи китоб, дарёфти беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат ва дар ниҳоят, тарғибу ташвиқ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳайати ҳакамон донишу маҳорати ширкаткунандагонро баҳогузорӣ намуда, ғолибонро дар ҳайати донишҷӯёни зерин: Ҳаймаҳмадов Муҳаммад, донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқи иқтисодӣ ва гумрук, сазовори ҷойи якум, Муртазо Лоиқзода, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва бизнес, сазовори ҷойи дуюм, Пайғом Туҳурзода, донишҷӯи курси 1-уми факултети МИБ ва Субҳонҷони Абубакр, донишҷӯи курси 1-уми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, сазовори ҷойи сеюм сазовор донистанд.
Дилошуб Давлатова, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия