Хабарҳо

РӮЗИ ҒАЛАБА - РАМЗИ ШУҶОАТ ВА СУЛҲ
Санаи 7-уми майи соли равон дар толори конфронсии ДДМИТ бо ташаббуси факултети молия ва қарз бахшида ба Рӯзи ғалаба чорабинии сиёсӣ- тарбиявӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Самариддини Шоҳназар, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд. Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд.
Дар идома, Саидалӣ Ҳайтов сардори бахши таъминоти ҳуқуқии ДДМИТ, ҳамзамон, иштирокчии ҷанги Афғонистон ва Муллобақо Муллоев, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ баромад намуда, оиди мавзуи матраҳшаванда фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватани умр ба сар мебаранд, ки таҳти ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар қарор доранд.
Самариддини Шоҳназар, эдвайзер оид ба тарбия