Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷоннисориҳое, ки бо эҳсоси миллӣ дарк мешаванд

Ҷоннисориҳое, ки бо эҳсоси миллӣ дарк мешаванд

Рӯзи 7-уми майи соли равон дар факултети ҳуқуқи иқтисодӣ ва гумруки ДДМИТ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” баргузор гардид, ки дар он садорати факултет, устодону донишҷӯён, собиқадорон ва ҷанговарони интернатсионалист иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Чорабиниро декани факултет Наврӯз Умарзода оғоз намуда, ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният намуда, аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми мардуми тоҷик дар Ҷанги бузурги ватанӣ ёдовар шуд, ки гуфтаанд: “Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки фарзандони барӯманди халқи тоҷик бо мардонагиву шуҷоат ва матонати бемисл дар муҳорибаҳои сахту сангини ҷанг ширкат варзида, барои озодии халқи худ ва дигар халқҳои Шуравӣ, ҳимояи Ватан ва таъмини ҳаёти орому осоишта қаҳрамониҳо кардаанд”. 
Бино ба иттилои раиси Шурои ветеранҳои ДДМИТ Саидалӣ Ҳаитов аз миёни садҳо ҳазор ҷанговарони тоҷик 56 нафар бо унвони баландтарин - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардидаанд. Чунин мардони далер Неъмат Қарабоев, Сафар Амиршоев, Ҳотамшо Қаландаров, Мастон Шералӣ ва дигарон мебошанд, ки дар таърихи мубориза бар зидди фашизм ҳамчун рамзи шуҷоат боқӣ хоҳанд монд. Онҳо дар муҳорибаҳои Сталинград, Курск, озодсозии Киев, Минск, Варшава ва ҳатто дар ишғоли Берлин ширкат варзидаанд. Ин ҷоннисориҳо бо забони омор ё рақам тавсиф намешаванд, онҳо бо қалб, бо эҳсоси миллӣ дарк мешаванд. 
Дар анҷом аз ҷониби донишҷӯёни факултет чорабинии фарҳангӣ иборат аз шеъру тарона ва саҳначаҳои фарогири мавзуи замони ҶБВ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 


Маҳбуба ҒАФФОРОВА, эдвайзер оид ба тарбияи факултети ҳуқуқи иқтисодӣ ва гумруки