Хабарҳо

ПУЛИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ
Санаи 10-уми майи соли равон дар ДДМИТ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пули миллӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Замир Холмахмедов, директори Институти байнисоҳавии такмили ихтисос ва бозомузии коркунони молия ва банки назди Институти молияи шаҳри Тошкент ва Шавкат Базаров профессор, раиси Ассотсиатсияи миллии менеҷерҳо ва маркетологҳо ректори Академияи менеҷмент ва тиҷорат ба таври ҳузурию маҷозӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки 26 октябри соли 2000 бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани устувории пули миллӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани пули миллии «сомонӣ» ба имзо расид. Тибқи ин фармон, аз 30 октябри соли 2000 сомонӣ воҳиди пули Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид ва он ҳамчун воситаи ягона ва номаҳдуди пардохт дар тамоми қаламрави мамлакат ҳисобида шуд. Ба муомилот баромадани пули миллӣ – сомонӣ ин яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Пули миллии тамоми тоҷикистониён-сомонӣ, ки 25-сола мешавад, дорои қурби устувор ва қобилияти баланди харидорӣ буда, дар байни пулҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун асъори устувору муътадил мавқеи хосро ишғол менамояд.
- Фаромӯш набояд кард, ки сомонӣ на танҳо воситаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ мебошад. Мояи ифтихори ҳамагон аст, ки пули миллӣ – сомонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ соҳиби обрӯю эҳтиром аст ва рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Имрӯз сомонӣ барои инкишофи муътадили тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчун воситаи боэътимоди молиявӣ хизмат менамояд, гуфт, ректор Фирӯз Қодиров суханронии хеш.
Сипас, Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, баромад намуда, қайд кард, ки сёсати пулию қарзии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мешавад, маҳз ноил шудан ба сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва нигоҳ доштани он дар давраи дарозмуҳлат, пешгирӣ намудани афзоиши таваррум ва таъмини устувории қурби пули миллӣ, қобилияти харидории он равона шудааст. Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои номбурда пайваста тадбирҳои мушаххаси амалӣ меандешад. Имрӯз тамоми созмонҳои сиёсию иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод эътироф доранд ва ҳамкории судманду ҳамаҷонибаро бо он густариш медиҳанд.
Дар идома, Замир Холмахмедов, директори Институти байнисоҳавии такмили ихтисос ва бозомузии коркунони молия ва банки назди Институти молияи шаҳри Тошкент оиди мавзуи “Деньги и их роль в социальноэкономической жизни государства” ва Шариф Раҳимзода профессори кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ оиди мавзуи “Пули миллӣ воситаи таъмини пешрафти иқтисодиёт” андешаронӣ карданд.
Ҳамзамон, Шавкат Базаров, дар мавзуи “Тандемное мышление- валюта будущего: синергия человека и алгаритма” муфассал ибрози ақида кард.
Дар фарҷом, музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия