Хабарҳо

САМТИ РУШДИ АУДИТ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИЁТ
Санаи 13-уми майи соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи аудит ва ревизияи донишгоҳ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Баҳодиҳии самаранокии фаъолияти хадамоти аудити дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар оғоз бо суханони ифтитоҳи декани факултети ҳисобдори ва омор Ёрибек Тилабов перомуни мубрамии мавзуи мизи мудаввар нуқтаи назари хешро иброз дошта, қайд намуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити мустақили берунаро оид ба баҳодиҳи ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, ҷиҳати таъмини он пешниҳод омода месозад.
Ваколати палатаи ҳисоб вобаста ба гузаронидани аудити мустақили беруна бо тамомти шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. Палатаи ҳисоб дорои ваколатҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистондар бораи палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонва дигао сандҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад.
Сипас Тоҷиддин Зокирӣ, сардори раёсати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Самтҳои рушти аудит дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт” фикру андешаи худро баён доштанд.
Гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷараёни ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ фаъолона ва бомаром қадам гузошта истодааст. Бинобар ин, такмили механизми фаъолияти санҷишию назоратӣ, ки яке аз корҳои ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидаткунанда ба ҳисоб меравад ва барои боз ҳам дар сатҳи олӣ иҷро кардани чорабиниҳои санҷишӣ замина мегузорад.
Дар ҷамъбасти мизи мудаввар саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия