Хабарҳо

БАРРАСИИ ИЛМИИ НИЗОМИ АУДИТОРИИ МУАССИСАҲО ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ
Санаи 24 майи соли 2025 бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоқикистон дар донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Аудит дар шароити рақамикунонӣ: муаммо, афзалият ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Фируз Қодиров, сармутахассиси раёсати аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Анушервон Намоз, ёрдамчии менеҷери молия ва шуъбаи кадри Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» Мамадалиев Шаҳзод Шуҳратович ширкат намуданд.
Конференсияро муомвини ректор оид ба илм ва инноватсия Фируз Қодиров ифтитоҳ намуда, оиди мавзуи барасишаванда назари хешро иброз дошт. Ӯ қайд намуданд, ки дар шароити имрӯза Тоҷикистонро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифта истодааст. Рақамикунонии низоми иқтисодӣ барои Ҳукумати мамлакат ва шаҳрвандон низ бисёр муҳим мебошад, зеро бо ин васила механизми назорати муносибатҳои иқтисодӣ ва рушти иқтидорҳои ба ин самт равонакардашуда меафзояд. Фируз Қодиров таъкид доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тадбиқи ҳадафҳои рақамикунонии иқтисодиёти мамалакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, асоси рушди бомароми иқтидори иқтисодии кишварро аз рақамикунонии маҷмуи соҳаҳои иқтисодӣ маънидод намуданд.
Ҳамчунин, дар ин конференсия Амонзода Анушервон Намоз сармутахассиси раёсати аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Афзалияти таҳлили фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳо дар шароити рақамикунонӣ»; Шаҳзод Шуҳратович ёрдамчии менеҷери молия ва шуъбаи кадри Ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» дар мавзуи «Фаъолияти аудиторӣ дар шароити рақамикунонӣ» Саидов Раҷабали Назифович номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи «Аудити технологияи иттилоотӣ: хусусиятҳо, муаммоҳо ва дурнамои рушди он» маъруза намуданд.
Зимни баргузории ин конференсия масъалаҳои мубрами аудиторӣ дар шароити ташаккули низоми рақамикунонии иқтисодиёт баррасӣ гардид.