Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БО ФАРОГИРИИ БАРНОМАҲО

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БО ФАРОГИРИИ БАРНОМАҲО

   Рӯзи 28-уми майи соли 2025 бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар таҳсилоти оянда: Стратегияҳо ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар кори он Ҳавасмоҳ Соҳибназарова, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Мирато Комилов, дотсент, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи ДДОТ, Сироҷиддин Насруддинов, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ ва Рухшона Сафарова, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ иштирок ва суханронӣ карданд.
       Кори конференсияро Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба илм оғоз намуда, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар замони муосир хеле муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади омӯзиши ҳарчӣ бештари забонҳои хориҷӣ барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст. Бо истифода аз ин шароит барои ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳ, сарфи назар аз ихтисосашон омӯхтани ҳадди ақал ду забон яъне русию англисӣ шарт ва зарур аст.
    - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар суханрониҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки мо бояд ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоем. Дарвоқеъ, донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо афзалият, балки зарурат ба ҳисоб меравад, зеро маҳорати забондонӣ на танҳо имкониятҳои касбӣ ва таҳсилотиро васеъ мекунад, балки барои рушди шахсӣ ва фаҳмиши фарҳангҳои гуногун мусоидат менамояд. Бо тақозои замон, имрӯз ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд, гуфт зимни суханронӣ Фирӯз Қодиров.
      Дар ҷараёни конференсия меҳмонон доир ба масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, маърӯзаҳои худро роҷеъ ба мавзуҳои “Воситаҳои тасвири бадеӣ яке аз падидаҳои асосии тарҷумонпазирӣ (дар мисоли забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ)”, “Истифодаи органайзерҳои графикӣ барои инкишофи маҳорати навиштан”, “Лексико-семантическая классификация собственных имен в таджикском и английском языках” ва “Забони англисӣ равзанаи ҷаҳон аст” баррасӣ карданд.
      Маврид ба зикр аст, ки мавзуи интихобнамудаи конфронс воқеан хеле рӯзмарра ва актуалӣ буда, донишҷӯёнро бори дигар водор сохт, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯй оварда, малакаву маҳорати хешро сайқал диҳанд.
  Конференсия бо муҳокимаи мавзуҳои пешниҳодшуда ва мубодилаи афкор байни иштирокчиён ҷамъбаст гардид.