Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ

        Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Саъдулло Носиров, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 3-юми июни соли равон рисолаи докториашро дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи «Асосҳои назариявӣ, дидактикии ташаккули дониш, маҳорат ва малакаҳои зеҳнии хонандагон» аз рўи ихтисоси 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, таҳти роҳбарии Гулмаҳмад Файз, доктори илмҳои педагогика, мудири шуъбаи педагогика ва методикаи таълими Академияи таҳсилоти Тоҷикистон сарбаландона ҳимоя кард.
      Аҳамияти назариявии таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки таҳлили асосҳои назариявию методологӣ, илмию педагогӣ ва дидактикӣ анҷом дода шуда, модел (амсила)-и консептуалӣ, ки ба татбиқи ташаккули дониш ва маҳорату малакаҳои зеҳнии хонандагони синфҳои болоӣ дар раванди таълими фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ мусоидаткунанда, таҳия гардидааст.
      Бояд гуфт, ки таҳқиқоти мазкур актуалӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани он муаллиф якчанд тавсияҳои илман асоснок низ намудааст.       

Раёсати донишгоҳ Саъдулло Носировро барои дастоварди навбатӣ табрику муборакбод намуда, барояш муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорад.  

  Шуъбаи иттилоот ва нашрия