Хабарҳо

Дастгирии ниёзмандон дар маркази таваҷҷуҳи ДДМИТ
Дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон ва шахсони бесарпаноҳу яккаву танҳо дар меҳвари сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи ин қишри ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бо сардории ректори ин донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор баҳри аёдат ба Муассисаи давлатии шифохонаи парастори ҳамшираҳои шавқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафтанд. Ин ташаббус дар арафаи Иди Қурбон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он дастгирии сиёсати Роҳбари давлат ва ғамхорӣ нисбат ба пиронсолон маҳсуб меёбад.
Ба пиронсолон аз ҷониби садорати донишгоҳ маҳсулоти озуқаворӣ ва дорувориҳои лозима супорида шуд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ пеш аз оғози Иди Қурбон ба пиронсолон ва нафақахўрон, ки дорои таҷрибаи бою тулонии зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, аз тарафи масъулин таваҷҷуҳ зоҳир карда мешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ин табақаи аҳолӣ ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат фаро гирифта мешаванд.
Қабили зикр аст, ки дар Муассисаи давлатии шифохонаи парастори ҳамшираҳои шавқат аз гўшаю канори ҷумҳурӣ 120 нафар ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Раёсати ДДМИТ аз шароитҳои ин муассиса дидан намуда, бо беморон суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд. Ҳамзамон, аз тарафи раёсати донишгоҳ ба онҳо кумакҳои озуқаворӣ ва моддӣ расонида шуд. Инчунин, дар фарҷом аз тарафи шуъбаи фарҳанги донишгоҳ ба ҳозирин барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия