Хабарҳо

ШАНБЕГӢ БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ, инчунин, ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саҳмгузорӣ дар сабзкориҳои шаҳри Душанбе мунтазам корҳои ободонӣ гузаронида мешаванд.
Шанбегии навбатӣ бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави таҳсили 2025-2026 рӯзи 29-уми августи соли равон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Мастура Бӯриева ва муовини ректор оид ба масъалаҳои маъмурию хоҷагидорӣ Диловаршо Муродзода бо иштироки кормандони хоҷагидорӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар минтақаҳои муайяншудаи атрофи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва роҳу ҷӯйҳои обпартои кӯчаҳои Нахимов, Юсуф Вафо ва Тургенев гузаронида шуд.
Ҳамин тавр, дарахтон ва шоху буттаҳои хушкшудаву монеашаванда барида, ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳо аз партовҳо тоза ва бехи дарахту буттаҳо нарм карда, ба дарахтон ва гулу буттаҳо ғизоҳои иловагӣ дода шуданд.
Дар баробари ин, ҳуҷраҳои кории кормандон ва биноҳои таълимӣ тозаву озода карда шуда, ба Соли нави таҳсил омода гардиданд.
Тағоймурод Эшзода