Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

     Рӯзи 30 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бинои таълимии Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд ва бо аҳли маорифи кишвар вохӯрӣ доир карданд.

     Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён мустақиман тариқи телевизион тамошо карданд.

     Ҳозирин, махсусан, ба нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, ки ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорон ва илмомӯзии ҷавонон дахл дорад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро барои фаъолияти минбаъдаи худ ҳамчун раҳнамо ба инобат гирифтанд.

     Ба андешаи Роҳбари давлат: «Мулоқоти ҳарсола бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки мо вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Зеро маҳз дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад».

     Пешвои миллат зимни суханронӣ ба масъалаҳои аҳамияти сулҳ, вазъи ҷаҳони муосир, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, баланд бардоштани музди маоши омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи илму маориф, забономӯзӣ ва аз худ кардани технологияи рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва пешрафти соҳаи илму маориф супоришҳои қатъӣ ва дахлдор ироа намуданд.

     Ёдовар мешавем, ки ҳамасола аз рӯйи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш дар ДДМИТ нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии дастуру пешниҳоди дар он ироагардида омода карда шуда, тибқи он кор пеш бурда мешавад, ки бешак, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои баландихтисос мусоидати бевосита менамояд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия