Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДДМИТ
1 сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи дониш дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Сулҳу дониш - пояи зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони миллат» баргузор гардид. Дар он Дилшод Саидзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, Бобоҷон Сатторзода, ректори ДДМИТ ҳозиринро бо оғози соли таҳсили 2025-2026 ва Рӯзи дониш муборакбод намуда, иброз дошт, ки ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат қайд карда шавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хосаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Маҳз бо ташаббусу талошҳои Ҳукумати мамлакат дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки зода ва ҳамқадами замони истиқлол аст, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ таваҷҷуҳи хоса равона карда шудааст.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору қонунҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа рӯ ба пешравӣ оварда, Ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва тармими ҳаёти воқеии шаҳрвандони кишвари азизамон масъалаи мактабу маориф ва дар ин поя, дастрасӣ ба технологияи пешрафти муосир, тибқи талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, огоҳии комил аз асрори кашфиёти илми ҷаҳонӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди босуръати Ватани азизамон аҳамияти хоса пайдо мекунад.
- ДДМИТ дар давраи фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, тавассути меҳнати софдилонаи устодону кормандон ва дастовардҳои донишҷӯёну магистрон ба яке аз муассисаҳои пуриқтидори соҳавии таҳсилоти олии касбии кишвар мубаддал гардидааст.
Ректор бо истифода аз фурсати муносиб устодону омӯзгорони донишгоҳ ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди Ватани азизамонро бо Рӯзи дониш, ки дар сатҳи умумимиллӣ таҷлил намудани он далели эҳтироми баланди давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад, табрику таҳният намуда, дар иҷрои рисолати пурмасъул ва бошараф комёбиҳо таманно кард.
Сипас, муовини вазири молия Дилшод Саидзода аз номи Ҳукумати мамлакат устодону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш табрик намуда, афзуд, ки дарси сулҳ дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад ва зина ба зина мо ба дастовардҳои назаррас дар ҷодаи илму маориф ноил гардида истодаем.
Бо ёдоварӣ аз давлатдории Сомониён, дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди самарабахши соҳаи маорифро муҳим арзёбӣ намуда, аз стратегияву барномаҳо ва дигар иқдомҳо дар ин самт изҳори хушнудӣ кард.
- Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бисёр муҳим меистад, ки иҷрои он, аз як ҷониб, бисёр пурзаҳмат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад, - гуфт дар баромадаш Д. Саидзода.
Дар идома, профессори ДДМИТ Ҳамидуллохон Фақирзода изҳор намуд, ки дар меҳвари сиёсати мамлакат дониш, яъне тарбияи зеҳни инсон қарор дорад. Ба андешаи номбурда, оила, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ба ҳам вобастагӣ доранд. Мавсуф аз омӯзгорону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои созгор истифода бурда, ҷасорати касбӣ нишон дода, ҷиҳати донистани забон, технологияи замонавӣ ва рушди камолоти хеш саъй намоянд.
Баъдан дар синфхонаҳо дарси сулҳ оғоз гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия