Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии устодон бо донишҷӯёни курсҳои якум

Вохӯрии устодон бо донишҷӯёни курсҳои якум

     Чун ҳамасола ҳайати устодону профессорони ДДМИТ бо мақсади аз наздик шинос шудану огаҳӣ ёфтан аз вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён, фаъолияти таълимӣ, давомот ва иштироки онҳо ба дарсҳо санаи 1-уми сентябри соли равон дар толорҳои таълимии донишгоҳ бо донишҷӯёни курсҳои якум вохўрӣ доир намуданд.

     Муҳтавои мавзуи суҳбатро асосан масъалаҳои эҳтироми омӯзгор, риояи талаботи қоидаҳои донишҷӯӣ, аз ҷумла ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол аз тарафи раёсати донишгоҳ, риояи тартибу интизом, омодагӣ ба дарсҳо, рӯ овардан ба китобу рӯзнома, обуна шудан ба китобхонаҳо, ширкат дар озмуну маҳфилҳои зеҳнӣ, самаранок истифода бурдани вақт, муносибати дуруст ва эҳтироми устодону ҳамсабақон, ҳамчунин, дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ нигоҳ доштани дарсхонаю толорҳои таълимӣ, асбобу анҷоми хониш ва ҷойи зист дар хобгоҳ фаро мегирифт.

     Илова бар ин, баромадкунандагон дар баробари донистани забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бархӯрдорӣ аз техника ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ва доштани ҳувияти миллиро таъкид намуданд.

     Гуфта шуд, ки барои таҳсил дар муассиса тамоми шароитҳо муҳайёст ва аз он самаранок истифода бурда, бо гирифтани донишҳои замонавӣ метавон ҷаҳонбинии илмиро васеъ кард. Чунин тарзи муносибат ва амал барои мутахассиси хуб ва рақобатпазир шудан дар бозори меҳнат имконияти зиёд медиҳад.

Ташкили чунин суҳбатҳои озоди устодон бо донишҷӯёни дигар дар назар дошта шудааст.

 

Тағоймурод Эшзода