Хабарҳо

ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Рўзи 3-юми сентябр бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ-тарбиявии «Чароғи маърифат» дар мавзуи «Дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият» баргузор гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм, н.и.и. Фирўз Қодиров дар бораи нақши таърихии истиқлолият, расидан ба пояҳои давлатдорӣ ва ифтихори ватандўстӣ изҳори андеша кард.
Номбурда иброз дошт, ки инсоният аз пайдоиши олам роҳ ба сўйи озодӣ ва истиқлол меҷўст ва барои ба даст овардани мустақилият талош мекард. Аз ин рў, истиқлол неъматест бебаҳо, ки миллату халқиятҳои зиёде орзуи доштани онрову соҳиби давлати озоду обод шуданро мекунанд.
- Аз ҷумла, талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо баҳри ҳифзи истиқлолу якпорчагӣ, балки дар баробари ин ҳадафи олӣ ба кишвари пешрафтаву ҳамаҷиҳата рушдёфта табдил додани Тоҷикистон мебошад,- гуфт дар давоми суханронии худ Ф. Қодиров.
Дар идомаи маҳфил н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров дар мавзуи «Дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият» баромад намуда, афзуд, ки истиқлол маънои васеъ дошта, маъмултарини онҳо мустақил будану соҳиби давлат будан аст.
- Истиқлолият ҷамъбасти тамоми орзуву ормонҳои миллатҳост. Давлати миллӣ бошад, давлати мустақилест, ки аз ҳеҷ кас вобастагӣ надорад. Қадру қимати истиқлолро ба ҳеҷ чиз баробар кардану баҳо дода намешавад, ҳатто арзиши пурраи онро бо сухан баён кардан ғайриимкон аст,- гуфт С. Сафаров.
Дар анҷоми маҳфил байни ширкаткунандагон музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия