Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст.

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст.

     Донишҷўёни варзишгаре, ки бо дастовардҳои назаррас номи донишгоҳро боло мебардоранд, аз тарафи роҳбарияти муассисаи таълимӣ дастгирӣ пайваста меёбанд. Зеро, машғул шудан ба варзиш инсонро саломат нигоҳ дошта, барои расидан ба ҳадафҳо ва азхудкунии илмҳои замон кумак мекунад.

     Ин аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 2-3-юми августи соли равон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо бахшида ба гиромидошти устоди варзиш Муҳаммадшариф Сулаймонов баргузор гардид, ки дар он аз тамоми ҷумҳурӣ варзишгарон иштирок доштанд.

     Хушбахтона, дар ин сабқати варзишӣ донишҷўйи курси 2-юми факултети иқтисод ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдулло Баҳодуров дар вазни 64 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм шуда, бо диплом ва медал сарфароз гардид.

     Бояд қайд кард, ки ин донишҷў 2 сол пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ин намуди варзиш дар вазни 55 кг сазовори ҷойи аввал гардида буд.

      Абдулло Баҳодуров зодаи деҳаи Техаи ноҳияи Ванҷ буда, падараш корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад ва дар зиндагии фарзандаш барои тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муассир дорад. Абдулло ҳангоми дар синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и зодгоҳаш таҳсил намудан дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ фаъолона иштирок намуда, борҳо ғолибиятро ба даст овардааст.

     - Устоди ман дар соҳаи варзиш Нозимҷон Охиров мебошад. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки санаи 15-уми сентябр баргузор мегардад, барои иштирок дар вазни 55 кг роҳхат гирифтам. Мехоҳам дар ин мусобиқа иштирок намуда, бо ғолибият номи донишгоҳро боз ҳам баланд бардорам, -мегўяд Абдулло Баҳодуров.

     Қайд намудан ба маврид аст, ки имрўзҳо Абдулло Баҳодуров яке аз донишҷўёни фаъоли донишгоҳ буда, зери мураббии варзиш Собир Шокиров тамрин мекунад.

    Мо ин варзишгарро бо пирўзиаш табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем.

 

Тағоймурод Эшзода