Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

НАМОИШИ КИТОБ ТАҲТИ УНВОНИ «КИТОБ - МАНБАИ ДОНИШ»

НАМОИШИ КИТОБ ТАҲТИ УНВОНИ «КИТОБ - МАНБАИ ДОНИШ»

     Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳурӣ 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» қайд карда мешавад. Вобаста ба ин чорабинии бошукуҳ дар саҳни бинои асосии ДДМИТ низ намоиши китоб таҳти унвони «Китоб - манбаи дониш» доир гардид.

     Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур боз ҳам ҷалби таваҷҷуҳи омўзгорону донишҷўён ба китоб, китобхонӣ ва китобхона аст. Баргузории ин гуна рӯзҳо ба ҳукми анъана даромада, дар ҳама ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд, ки бо китобҳову дастовардҳои донишгоҳ аз наздик шинос шаванд.

     Азизулло Исматуллозода, директори китобхонаи илмии донишгоҳ дар намоишномаи китоб қайд кард, ки солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдомоти наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ дар мамлакат рушду такомул ёфта, ба масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин аст, ки Роҳбари давлат китобу китобхониро роҳи ягонаи аз ҷаҳолат раҳонидани шаҳрвандони кишвар арзёбӣ кардаанд.

     Дар китобхонаи илмии ДДМИТ озмунҳои “Беҳтарин додандаи асарҳои Пешвои миллат”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” мунтазам баргузор мегарданд, ки дар тақвияти дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии донишҷўён заминаи воқеӣ гузошта, барои муаррифии чеҳраҳои шинохта ва мавқеи донишгоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар аҳамияти беназир доранд. Инчунин, ҷиҳати тарғибу ташвиқи донишҷӯён дар мавриди ватандўстӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, рўй овардан ба таърихи миллат ва ифтихор аз гузаштагони худ дар китобхона моҳе як маротиба маҳфили «Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад...» баргузор мегардад.

    Ёдовар мешавем, ки 4 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ин ҷашн соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия