Хабарҳо

Ғолибияти навбатии донишҷўи ДДМИТ
Донишҷўйи курси 3-юми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Фирдавси Баҳодур дар баробари донишҷўи фаъол буданаш дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҳамеша пирўз мешавад.
Ў бо дастоварди навбатии варзишиаш номи донишгоҳро муаррифӣ намуд. 16-уми августи соли равон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гўштингирӣ байни ҷавонон, ки дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дар вазни 86 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом, медал ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардид.
Бояд қайд кард, ки Фирдавси Баҳодур дар чемпионати ҷаҳон оид ба гўштини самбо, ки моҳи октябри соли равон дар Ҷумҳурии Индонезия баргузор мегардад, дар вазни 88 кг роҳхат гирифтааст. Ў айни ҳол таҳти роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов тамрин намуда, ба ин чорабинӣ тайёрӣ мебинад.
Мо аз донишҷўи ғолиб умедҳои калон дорем ва барояш барор мехоҳем.
Тағоймурод Эшзода