Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ МИЛЛАТ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

БУЗУРГТАРИН САРМОЯИ МИЛЛАТ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

    Бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯёни факултети молия ва қарзи донишгоҳ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлолият - асоси пойдории давлат» ҳамоиш доир гардид. Нахуст, декани факултет Баҳодур Ҷўрахонзода дар бораи моњияти истиқлолият изҳори назар кард.

     Номбурда иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 34 сол муқаддам ба даст омадааст. Ин рўйдоди фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то ба имрӯз ҳамасола ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҳамчун иди пурарзиш таҷлил карда мешавад.

    Дар идомаи ҳамоиш сиёсатшинос, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров дар мавзуи «Бузургтарин сармояи миллат Истиқлолият аст!» баромад намуда, қайд кард, ки истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистон мебошад.

    Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат аст.

    Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.

Дар анҷоми ҳамоиш байни иштироккунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Тағоймурод Эшзода