Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

МУҲИМИЯТИ РАСИДАН БА ҚАДРИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ҶАВОНОН

МУҲИМИЯТИ РАСИДАН БА ҚАДРИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ҶАВОНОН

    Санаи 5 сентябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии ДДМИТ ба истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ чорабинӣ доир гардид.

     Ҷаласаи идонаро декани факултети мазкур номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фахриддин Убайдов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст, ки ҳар сол 9 сентябр таҷлил мешавад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

     Сипас, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ғуломализода  Шаҳром Ғуломалӣ перомуни паҳлуҳои ҳуқуқии истиқлолият ба донишҷӯён маърузаи пурмуҳтаво ироа кард.

    Номбурда оид ба аҳаммияти хоссаи ин рӯзи муқаддас барои мардуми Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ, сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу осоиш дар кишвар ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сухан ронд.

    Сипас, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қутбия Ҳомидова аз таърихи давлатдории тоҷикон ва боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон суҳбат намуд.

     Инчунин, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Фаридулло Убайдуллоев аз саҳмгузории ҷавонон дар таҳкими истиқлолият ва ҳифзи он ёдовар гардид.

     Гуфта шуд, ки 34 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.

     Мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия