Хабарҳо

НУРЕСТ БА ДИДАГОНИ МО ИСТИҚЛОЛ
Декани факултети иқтисод ва идораи давлатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Қаландар Сафаров зимни ифтитоҳи чорабинии идонаи маърифатӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд.
Ба андешаи бузургон, Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
Мо имрӯз ифтихор дорем, ки 34 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
Дар идомаи чорабинї мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Сунатулло Нуриддинов, эдвайзер оид ба илм Қамардин Фатҳиддинзода ва устоди донишгоҳ Темуралӣ Иброҳимов бо маърузаҳои пурмуҳтаво дар боби ин ҷашни умумимиллӣ ибрози андеша карданд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро дорост.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия