Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИРИ ОН
Таҳти ин унвон 5-уми сентябри соли 2025 факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дар мувофиқа бо Раёсати тарбияи донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ-сиёсиро бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ доир намуд. Дар чорабинии мазкур сардори Раёсатин тарбия С. Ҳабибов, декани ин факултет С. Темурбекова, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ф. Абдулвоҳидова ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро декани факултет н.и.ф.-м., дотсент Темурбкова София ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр яке аз ҷашнҳои муҳим - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз дастовардҳои сиёсии Истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ, низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз ин лиҳоз, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.
Сипас, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ф. Абдулвоҳидова вобаста ба заминаҳои таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тули асрҳо ба шумор меравад.
Сипас, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷии факултет Умар Воҳидов оид дастовардҳои беназири даврони Истиқлол баромад намуд. Номбурда қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи 4 ҳадафи стратегӣ - «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «Таъмини амнияти озуқавории кишвар», «Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» ва “Саноатикунонии босуръати кишвар” вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.
Инчунин, дар давоми 34 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст.
У. Воҳидов,
муовини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷии факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ