Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАҚОМИ ГУМРУК

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ МАҚОМИ ГУМРУК

     Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми сентябри соли равон дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумуи мақомоти гумруки кишвар» бо иштироки донишҷӯён ва устодони факултети гумрук ва амнияти иқтисодӣ чорабинии сиёсӣ баргузор гардид. Дар он муовини сардори Донишкадаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Манучеҳр Маҳмадҷонов иштирок ва суханронӣ намуд.

     Нухуст, ҷаласаро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи бехатарии иқтисодӣ дотсент Мирзо Абдуллоев иброз дошт, ки ташкил намудани сулҳу оромӣ ва ба даст овардани Истиқлоли мамлакат ин кори осон нест ва тамоми он пешравиҳое, ки мо дар кишвар мебинем, аз қабили пеш аз ҳама, оромию тенҷӣ, якдилию беҳбудиҳо дар самти роҳсозию ташкили корхонаҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ба даст овардани Истиқлоли мамлакат дарак медиҳад.

     Муовини сардори Донишкадаи Хадамоти гумрук полковник Манучеҳр Маҳмадҷонов зимни суханронӣ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

    Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориву таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як сохтори мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети давлат мубаддал гардида, имрӯз тавассути мақомоти гумрук сиёсати гумрукии давлат амалӣ карда мешавад. Алҳол, Тоҷикистон бо зиёда аз сад кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратиро ба роҳ мондааст.

Дар охир байни баромадкунанда ва донишҷӯёну устодон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Тағоймурод Эшзода