Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ МЕБОЯД НАМУД!

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ МЕБОЯД НАМУД!

     6-уми сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори конфронсии донишгоҳ чорабинии сиёсӣ-идеологӣ бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти миллӣ ва кафолати рушди устувори Тоҷикистони навин» доир гардид. Дар он Ҳабибзода Зоҳир Иззат, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Хусрав Шарипов, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

     Онро бо сухани табрикотӣ ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ифтитоҳ карда, аҳли толорро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуда, дар бораи моҳияти он андешаҳояшро иброз дошт. Мавсуф аз ҷумла, қайд намуд, ки мардуми соҳибфарҳанги Тоҷикистон имрӯз 34-солагии муқаддастарин ва шарофатмандтарин ҷашни миллӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

     Баёни ин нукта бағоят муҳим аст, ки баҳри ба истиқлоли комил расидану чун давлати мустақил эътироф гардидани Тоҷикистон хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд.

     - Дар ин замина, тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору қонунҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа рӯ ба пешравӣ оварда, Ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва тармими ҳаёти воқеии шаҳрвандони кишвари азизамон масъалаи мактабу маориф ва дар ин поя, дастрасӣ ба технологияи пешрафти муосир, тибқи талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, огоҳии комил аз асрори кашфиёти илми ҷаҳонӣ ва таъмин намудани рушди босуръати Ватани азизамон аҳамияти хоса пайдо мекунад, - гуфт ректор.

     Ҳамзамон, Сатторзода Б.А. таъкид кард, ки ба таъкиди Сарвари давлат, Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати «дарҳои кушод» ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.

     Дар солҳои истиқлолият асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилоти ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад, - гуфт дар охир ректор.

    Сипас, Зоҳир Ҳабибзода баромад карда, аҳли нишастро ба Истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфт. Мавсуф дар бораи ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои миллӣ сухан гуфт. Номбурда қайд кард, ки яке аз дастовардҳое, ки тули пайдоиши миллати тоҷик ба даст овардааст, ин Истиқлолияти миллӣ аст, ки мову шумо дар даврони он кору зиндагӣ мекунем.

     Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишвари маҳбуби мо эътибори ҷаҳонӣ пайдо карда, ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баррасиву ҳалли мушкилиҳои сатҳи байналмилалӣ мақоми махсусро соҳиб гардидааст. Истиқлолияти давлатӣ ва таҷрибаи давлатдории навин моро ба башарият ҳамчун миллати сулҳдӯсту сулҳофар шиносонида, соҳибихтиёрии мо омили муҳимтарини якпорчагии давлат ва якдилии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

     Инчунин, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров дар бораи андешаи миллӣ ва давлатдории миллӣ баромад карда, афзуд, вақте ки дар бораи Истиқлоли давлатӣ суҳбат мекунем, пеши назар меояд, ки ниёгони мо чандин ҳазор сол қабл дар орзуи ҳамин андеша буданд ва барои сохтани як давлати муттаҳид ва як миллати муттаҳид ҷонбозиҳо карданд. Соли 1991 қуллаи тоҷи тамоми истиқлолиятхоҳии мо ҷамъбаст шуд ва ин худ аз худ ба вуҷуд наомад. Барои соҳибистиқлолӣ хештаншиносӣ ва руҳияи ватандӯстии ҷавонони ҳамон солҳо кумак кард.

     Дар идома, як қатор устодону кормандони донишгоҳ, аз ҷумла Исмоилов Ш., Носиров С., Сафаров С., Оймаҳмадов Г., Қодирова С., Давлатова М., Бозоров Ҷ., Олимов Ш. ва Шоев Ҳ. барои фаъолияти бенуқсон ва пурсамар бо Ифтихорномаи ДДМИТ мукофотонида шуданд.

     Дар баробари ин, фармони ректор дар бораи тақдими мукофотпулӣ ба омӯзгорону кормандони донишгоҳ бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаҷми 1 ҳазору 200 сомонӣ хонда шуд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия