Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ШАНБЕГӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ

ШАНБЕГӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ

    Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ, иҷрои супориши протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1-уми сентябри соли 2025, инчунин, бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саҳмгузорӣ дар сабзкориҳои шаҳри Душанбе баргузории шанбегиву корҳои ободонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

     Ин навбат бо мақсади сазовор истиқбол намудани Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7 сентябри соли равон дар муассиса шанбегии умумидонишгоҳӣ гузаронида шуд, ки дар он ҳайати раёсат, омӯзгорон, донишҷӯёни ҳамаи 7 факулта, кормандони кафедраҳо ва кормандони бахши хоҷагӣ ширкат варзиданд.

     Аҳли донишгоҳ минтақаҳои муайяншудаи атрофи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва роҳу ҷӯйборҳои обгузар ва гузаргоҳҳои кӯчаҳои Нахимов, Юсуф Вафо ва Тургеневро аз партов тоза намуда, дарахтон ва шоху буттаҳои хушкшудаву монеашавандаро барида, бехи дарахту буттаҳоро нарм ва ба онҳо ғизоҳои иловагӣ доданд.

    Дар баробари ин, ҳуҷраҳои кории кормандон ва биноҳои таълимӣ иловатан тозаву озода

карда шуд.

 Шуъбаи иттилоот ва нашрия