Хабарҳо

БОВАРӢ КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТ
Истеъдоди Эҳсон Ҳомилзода, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси идораи давлатии факултети иқтисод ва идораи давлатии ДДМИТ Эҳсон Ҳомилзодаро банда ҳанӯз санаи 13-уми октябри соли 2022 дар як навиштаҷоти «Кашфи истеъдодҳо» барои худ кашф намуда будам.
- Ба худам боварӣ дорам, - гуфта буд он замон Эҳсон ва ба аҳди худ вафо кард. Ӯ санаи 8-уми августи соли равон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинасияи адабиёти муосири тоҷик иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардид.
Санаи 26-уми август дар толори фарҳангии Мактаби мусиқии кӯдаконаи ба номи Одина Ҳошим маросими ҷоизасупори ин маросим баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба донишҷи ғолиб Эҳсон Ҳомилзода 15000 ва дипломи ғолибиятро тақдим намуд
Эҳсон Ҳомилзода мегӯяд, ки дар тайёр шуданам ба озмунҳо падарам - Умедҷон Ҳомилов ва модарам - Баргигул Мирзобекова ва билохира, устоди ниҳоят сахтгирам Манзура Ҳасанова, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ кумак мерасонанд. Мехоҳам баъди хатми донишгоҳ мутахассиси хуби соҳаи худ гардида, ба халқу Ватани азизам хизмат намоям.
Замоне ки ин маводро ба поён мерасонидам, аз садорати факултети иқтисод ва идораи давлатии ДДМИТ хабар доданд, ки хушбахтона, Эҳсон Ҳомилзода барои иштирок кардан ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирфтааст.
Мо ба ин ҷавони илмдӯсту ҷӯянда, китобдӯсту номбардори падару модар ва донишгоҳ дар ҷодаи омӯхтани илму дониш барори кор мехоҳем.
Тағоймурод ЭШЗОДА