Хабарҳо

ДОНИШҶӮЙИ ДДМИТ БОЯД НАМУНА БОШАД!
Рӯзи 11-уми сентябр дар донишгоҳ бо иштироки намояндаи раёсати корҳои тарбиявӣ ва донишҷӯёни факултети иқтисод ва идораи давлатӣ соати тарбиявӣ доир гардид.
Нахуст, декани факултет Қаландар Сафаров дар бораи мақоми донишҷӯ дар донишгоҳ, зинаҳои таҳсилот, ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён, нақши муҳимми онҳо дар пешбурди илм ва навовариҳои касбият, сабабҳои хориҷ шудан, риоя кардани интизоми дохилӣ ва пардохти маблағи таҳсил андешаронӣ намуд.
Номбурда, ҳамчунин нигаронии худро аз сабабҳои сари вақт ба дарсҳо ҳозир нашудани баъзе донишҷӯён ва риоя накардани интизому давомнокӣ баён карда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта таклифҳои судманд ироа намуд.
Гуфта шуд, ки донишҷӯёнро зарур, ки фақат либосҳои тавсияшударо аз бар намоянд. Онҳо бояд тарзе хонанду рафтор кунанд, ки обрӯи донишгоҳро дар ҳама ҷо ҳифз созанд.
Баргузор намудани чунин дарсҳои тарбиявӣ барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта, муттаҳидсозии донишҷӯён ва омӯзгорон замина фароҳам меорад.
Дар охир байни садорати факултет ва донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.
Тағоймурод ЭШЗОДА