Хабарҳо

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА
Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами рӯз тақвият бахшидани ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Бо назардошти ин нукта, 11-уми сентябри соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм - вазифаи ҳар як узви ҷомеа» дарси кушод доир гардид.
Машғулиятро декани факултет Наврӯз Умарзода оғоз намуда, иброз дошт, ки дар шароити муосир мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд.
Наврӯз Умарзода таъкид кард, ки «мову Шумо бояд аз чунин кишвари амну осудаи Тоҷикистон шукрона намоем ва фирефтаи равишу гуфторҳои шахсони бадкирдору бадфикр нагардем. Шумо - донишҷӯён ҳар лаҳзаи худро пайи донишазхудкунию ҷаҳонбинии илмӣ равона созед».
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ профессор Ҷамрод Бобозода дар бораи масъалаҳои терроризму экстремизм, паҳлуҳои ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шудани ҷавонон суханронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол - падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон роҳи дурусти бакамолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд, аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Мудири кафедраи менеҷмент дотсент Илҳом Неъматов дар тақвияти суханони боло афзуд, мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ дар мадди аввал қарор дорад. Дар мубориза ба муқобили гурӯҳҳои ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа мубориза баранд.
Мо халқи тоҷик рӯзҳои сангинеро аз сар гузаронидем, то ки ба ин неъмати бузург, яъне Истиқлоли давлатӣ расем. Аз ин лиҳоз, ҷавонон, ки қишри ояндасоз ва умеди ояндаи миллати тоҷикон ба шумор мераванд, аз пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои бадхоҳе, ки нооромии ҷамъиятро мехоҳанд, бояд худдорӣ намоянд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия