Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ИҶРОИ БАНДҲОИ ДАХЛДОРИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

ИҶРОИ БАНДҲОИ ДАХЛДОРИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

    Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, пешгирӣ ва рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, рӯзи 12-уми сентябри соли равон вохӯрии нозири калони Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони адлия Нуриддин Сайфиддинзода бо омӯзгорону кормандон, мудирони кафедраҳо, деканони факултетҳо ва сардорони раёсатҳои донишгоҳ баргузор гардид.

    Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Мастура Бӯриева иброз намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шудааст. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидааст.

    ДДМИТ ҷиҳати иҷрои 13 банди “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” масъул - ҳамиҷрочӣ буда, раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо пайваста миёни кормандон суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд.

   Сипас, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Нуриддин Сайфиддинзода дар бораи татбиқи амалии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва қонунгузорӣ дар ин самт суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳамаи ин заминаҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон барои озодона фаъолият намудан ва ба дарёфти шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда, ба мақомоти давлатӣ барои пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия такони ҷиддӣ бахшид.

    Бояд гуфт, ки заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида ва салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои офарандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.

    Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, шарҳу тавзеҳ дода шуд.

    Дар музокира дотсенти кафедраи навтаъсиси ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи донишгоҳ Субҳоналӣ Мирзоев сухан намуда, иброз дошт, ки яке аз роҳҳои пешгирии ҳама намуди ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус коррупсия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои судманду зарурӣ андешида шудааст.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия