Хабарҳо

Вохўрӣ бо истиқоматкунандагони хобгоҳ
Рӯзи 12-уми сентябри соли равон аз ҷониби раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ бо донишҷӯдухтарони истиқоматкунандаи хобгоҳи №2 оид ба риояи тартибу муқаррароти будубош вохӯрӣ доир гардид.
Дар оғоз, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мастура Бӯриева иброз дошт, ки донишҷӯдухтаронро зарур аст, ки дар хобгоҳ дар вақтҳои холӣ ба корҳои беҳуда машғул нашуда, рӯй ба китобхонӣ ва илмомӯзӣ оред, чунки вақт ин беҳтарин неъматест, ки бебозгашт мебошад.
Китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқиву анҷоми корҳои зишт, муҳтоҷӣ ва ғаму дард озод мегардонад. Албатта, шахсе ки китоб мехонад, сатҳи донишаш баланд гардида, нутқи шифоҳиаш буррою тоза мешавад.
Ҳамшираи тибби донишгоҳ Меҳрона Ҳакимова дар бораи риояи тозагии шахсӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ дар хобгоҳ изҳори андеша намуд.
Дар охир байни донишҷӯдухтарон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия