Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибияти донишҷўйи ДДМИТ дар Чемпионати Осиёи Марказӣ

Ғолибияти донишҷўйи ДДМИТ дар Чемпионати Осиёи Марказӣ

     Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд кардаанд: «Яке аз самтҳои асосии дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, қабл аз ҳама, ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад».

     Дар ДДМИТ низ ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи ҳамаҷониба дода мешавад. Дар робита ба ин, бо ширкати васеи кормандону омӯзгорон пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ мегардад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо, ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар ДДМИТ як майдончаи хурди футбол ва толори варзишии замонавии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза мавриди истифода қарор дода шудааст ва бо фароҳам гардидани шароитҳои зарурӣ дар айни заон сафи варзишгарон дар донишгоҳ зиёд гардида истодааст.

     Исломиддин Абдуллозода, донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор аз ҷумлаи нафаронест, ки аз рӯйи натиҷаҳои варзишӣ яке аз муваффақҳо ба шумор меравад. Номбурда ҳамасола аз мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо нишону ифтихорномаҳои дараҷаҳои баланд бармегардад.

    Хушбахтона, ин навбат низ Исломиддин Абдуллозода дар вазни 67 кг дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба варзиши вазнин - вазнбардорӣ миёни мардон, ки рӯзҳои 5-10-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Ургенҷи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, сазовори ҷойи 2-юм шуда, бо диплом ва медал сарфароз гардонида шуд.

    Лозим ба таъкид аст, ки Исломиддин номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар зиёда аз 50 сабқат ширкат варзида, ғолибиятро ба даст овардааст.

    Ӯ зери роҳбарии устоди варзиш Асомиддин Сангов дар толори Маҷмааи варзишии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ ба машқу тамрин машғул аст.

    Номбурда мақсад дорад, ки дар чемпионати навбатӣ, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, иштирок намуда, бо ғолибият боз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи донишгоҳро баланд бардорад.

     - Падарам Исуф Абдуллоев ба ҳайси муҳандис-механик дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ифои вазифа менамоянд. Маконе, ки он ҷо шиори умумимиллии «Тоҷикистон, ба пеш!» аз забони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Раҳмон садо дода буд. Ман низ зимни қувваозмоӣ пироҳанеро бо ин гуна навиштаҷот ба бар кардам. Баробари баромадани ман ба саҳнаи ғолибият ҳамагӣ садо баланд карданд, ки «Тоҷикистон, ба пеш!» Ин бароям як ифтихори бузургест,- мегӯяд қаҳрамони мо.

     Қайд намудан бамаврид аст, ки имрӯзҳо Исломиддин Абдуллозода яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ буда, ба таври буҷавӣ таҳсил менамояд ва гирандаи стипендия низ мебошад.

    Мо ин варзишгарро бо пирӯзиаш табрик гуфта, дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш муваффақияту музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем.

 

Наврўз ҶОБИРОВ