Хабарҳо

Дастоварди навбатии илмӣ дар соли нави хониш
Боиси ифтихор аст, ки Неъматов Илҳомидин Усмонович, унвонҷӯйи кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 19 сентябри соли равон рисолаи номзадиашро дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди ДДМИТ дар мавзуи «Рушди захираҳои молии бозори озуқавории минтақавӣ (дар асоси маводҳои вилояти Суғд)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.03 - иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ, таҳти роҳбарии Аминов Иномҷон - доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент, профессори кафедраи менеҷменти ДДМИТ сарбаландона ҳимоя кард.
Некуаҳволии аҳолӣ ба дараҷаи назаррас аз сатҳи таъминоти озуқаворӣ вобаста аст, ки манбаи асосии он бозори молҳои озуқаворӣ мебошад. Аз ин рӯ, ташаккули захираҳои молии бозори озуқаворӣ яке аз вазифаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии давлат мегардад.
Захираҳои молии бозори озуқаворӣ асосан аз ҳисоби истеҳсолоти маҳаллии кишоварзӣ ва саноатӣ ташкил карда мешаванд. Аз сабаби шароити номусоиди табиӣ ва иқлимӣ ё аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатнок набудани истеҳсолот, як қатор молҳо метавонанд тавассути воридот аз хориҷа таҳвил дода шаванд. Ин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба минтақаҳои он низ дахл дорад.
Дар ин самт, вазифаи нав оид ба баланд бардоштани сатҳи худтаъминкунии кишвар бо маҳсулоти хӯроквории маҳаллӣ ба миён меояд. Ҳалли вазифаҳои гузошташуда дар доираи минтақаҳо аҳамияти калон дорад. Таъмини рушди захираҳои молии бозори озуқавории минтақавӣ ва баланд бардоштани худтаъминкунии минтақаҳо бо маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли маҳаллӣ ба самтҳои афзалиятнок табдил меёбад. Бо назардошти ин, таҳқиқи тамоюлҳо ва муайян кардани самтҳои асосии рушди захираҳои молӣ дар бозори озуқавории минтақавӣ муҳим мегардад.
Ҳадафи ин таҳқиқот - амиқтар кардани асосҳои назариявӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба рушди захираҳои молӣ ва тавсеаи иқтидори бозори озуқавории вилояти Суғд мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи худтаъминкунии минтақа бо маҳсулоти хӯрокворӣ тавассути пурзӯр намудани истеҳсолоти маҳаллӣ ва пурра қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ нигаронида шудааст.
Раёсати донишгоҳ И. Неъматовро барои дастовардҳои навбатии илмӣ табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиашон муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия