Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сафи олимони донишгоҳ боз афзуд

Сафи олимони донишгоҳ боз афзуд

     Таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба кадрҳои илмии ҷавобгўи талаботи замон пайваста зиёд мегардад. Ин аст, ки дар шароити кунунӣ сафи олимони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бештар гардида истодааст, ки ин баҳри пешрафти кору фаъолияти илмӣ-педагогӣ мусоидат менамояд ва низ нуфузи ин боргоҳи илму маърифатро афзун мегардонад.

     19-уми сентябри соли равон дар шурои диссертатсионии 6D.КОА 014 назди ДДМИТ ҳимояи рисолаи номзадии Ҳазратзода Темурҷон Ҳазрат - муаллими калони кафедраи молиявӣ-қарзии байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналхалқии ДДМИТ дар мавзуи “Мукаммалгардонии механизми идоракунии муносибатҳои байнибуҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рўйи ихтисоси 08.00.07 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз, таҳти роҳбарии Сафаров Баҳром Гулматович, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДМИТ доир гардид.

    Бояд қайд кард, ки Ҳазратзода Темурҷон Ҳазрат аз соли 2020 то ҳол дар ин кафедра фаъолият намуда, аз соли 2022 ба ҳайси унвонҷӯ дохил шуда, дар муҳлати муқарраргардида рисолаи илмии худро барои ҳимоя пешниҳод намуд. Ў устоди пуртаҷриба буда, дар сатҳи баланди касбӣ машғулиятҳои дарсиро мегузаронад ва донандаи хуби забонҳои русию англисӣ мебошад.

    Мубрамияти мавзуи диссертатсионии ӯ дар таъмини молиявии рушди мутавозини минтақаҳои кишвар ифода гардида, дар он нақши марказиро муносибатҳои байнибуҷетӣ ташкил менамоянд, ки аз нигоҳи муаллиф, бояд мукаммал гардонида шавад. Махсусан, дар шароити кунунӣ, ки сарчашмаҳои ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллии минтақаҳои кишвар нобаробар афзоиш ёфта, вобастагии минтақаҳо аз марказ ҳанӯз ҳам баръало зоҳир мегарданд, такмили муносибатҳои байнибуҷетӣ дар чаҳорчӯбаи механизмҳои муосир мубрам ва саривақтӣ мебошад.

    Умед дорем, ки тадқиқоти мазкур дар амалия татбиқ гардида, барои болобурди сифати таҳсилот мусоидат менамояд.

    Дар охир мо бо ин дастоварди илмӣ Ҳазратзода Темурҷон Ҳазратро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию омӯзгорияш комёбиҳои назаррас орзу менамоем.

 

Тағоймурод Эшзода