Хабарҳо

БАРРАСИИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ
20-уми сентябр дар факултети ҳисобдорӣ ва омор семинари илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ дар мавзуи «Фаъолияти соҳибкорӣ асоси рушди устувори иқтисодиёти миллӣ» доир гардид.
Нахуст, декани факултет номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ёрибек Тилабов иброз дошт, ки семинари мазкур дар робита ба «Солҳои рушди саноат» эълон гардидани солҳои 2022-2026 гузаронида шуда, мақсад тақвияти малакаву зеҳни донишҷӯён дар масоили рӯзмара мебошад. Онҳо маҳз ба ин восита, аз пешравию муҳимияти ин самт огоҳ мешаванд.
Дар идома, Аббос Норов, корманди Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ шароити мусоид фароҳам оварда, тадбирҳои гуногунро дар амал татбиқ намудааст.
Номбурда аз дастгирии соҳибкорон, додани қарзҳои имтиёзнок ва кам кардани меъёрҳои андозӣ сухан кард.
Инчунин, Рустам Раҳматзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор дар мавзуи «Нақши фаъолияти соҳибкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маъруза намуд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи олии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рушди дарозмуддати Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми мамлакат бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
Дар давраи дарозмуҳлат таъмини рушди устувори мамлакат бе истифодаи навовариҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ғайриимкон аст. Самтҳои стратегии рушд бояд афзоиши фаъолнокии сармоягузорӣ ва иқтисодиро ба инобат гиранд.
Дар семинар қайд гардид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2025, таҳти №915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027 мораторий эълон шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Дар охири семинар суолу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия