Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ПЕШГИРӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ МАВЗУИ ДАРСИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

ПЕШГИРӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ МАВЗУИ ДАРСИ СИЁСӢ-ТАРБИЯВӢ

   18 сентябр бо иштироки садорат, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи пешгирии коррупсия доир гардид.

    Нахуст, декани факултет Наврӯз Умарзода дар бораи кирдорњои номатлуби коррупсионӣ сухан ронда, иброз дошт, ки ҳамоишњои маърифатию ҳуқуқӣ барои мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа басо сариваќтӣ ва зарурӣ мебошад. Мо бояд минбаъд низ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва ҳар гуна амалу кирдорҳои номатлуб бештар намоем.

   Дар идома, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Ҷамрод Бобозода ва ҳуқуқшиноси донишгоҳ Сайдалӣ Ҳаитов қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Њукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад, мақомоти дахлдор таъсис дода шуда, ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул гардидаанд.

    Дар идома, қайд гардид, ки амалҳои коррупсионӣ ба рушди давлатҳои мухталиф зарари ҷиддӣ мерасонад, инчунин монеаҳои гуногунро ба миён меорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани ин гуна амалҳои носазо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст.

    Ба ҳолатҳои коррупсионӣ гирифтор шудани шаҳрвандони кишвар дар паст будани маърифати ҳуқуқии он мебошад. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани соли 2024 - ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла бањри пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба ҳисоб мерафт.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия