Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ФАЗОИ ОЗОДУ ҲАМДИГАРФАҲМӢ

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ФАЗОИ ОЗОДУ ҲАМДИГАРФАҲМӢ

   Санаи 20 сентябри соли равон бо ташаббуси мақомоти амнияти кишвар вохӯрии намояндагони раёсати дар шаҳри Душанбе будаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид.

    Мулоқотро муовини ректор оид ба тарбия Мастура Бӯриева ифтитоҳ намуда, сипас риштаи суханро ба намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

    Номбурда зимни баромади худ, дар маҷмуъ, вазъи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро муътадил ва идорашаванда арзёбӣ намуда, ҳамзамон перомуни масоили умдаи доғи рӯз - мубориза бо ришваситонӣ, пешгирӣ аз сохтакории ҳуҷҷатҳо, оқибатҳои фалокатбори гаравидан ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, баланд бурдани сифати таҳсилоту таълим, риояи сару либоси тавсиявӣ ва миллӣ, ташкили маҳфилҳои муттаҳидкунандаи донишҷӯён ҷиҳати ҳамбастагиву афзоиш додани дӯстиву рафоқат миёни онҳо, худдорӣ намудан аз таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусти сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба хотири афзудани донишҳои ба манфиати давлату аҳли ҷомеа созгор, ташаббус нишон додан ва намунаи ибрат будани донишҷӯён дар омӯхтани илму адабу дониш, риояи тартиботи умумӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳ, нигоҳ доштани эҳтиром байни донишҷӯву омӯзгор ва ҳамчунин, арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакат суҳбати ошкоро намуд.

     Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст.

    Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд.

    Зимнан, зикр гардид, ки дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гаронеро ба бор овардааст. Зуҳур кардани он дар дилхоҳ шакл боиси заиф шудани пояҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсон мегардад ва аз ин рӯ, муқовимат алайҳи ин зуҳурот на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат дониста мешавад.

     Дар мавриди гаравиш ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гуфта шуд, ки имрӯз терроризм ва экстремизм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман, ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан, таҳдид эҷод менамояд.

     Мувофиқи гуфтаҳои коршиносону таҳқиқгарон, терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, бахусус тероризми диние, ки ба дасти абарқудратон созмон ёфтааст, бо мақсади амалисозии манфиат ва сиёсати онҳо роҳандозӣ гардидааст. Яке аз василаву роҳҳои аслии то ин ҳад қувваву қудрати бузургро ба даст овардани ин вабои замон, тариқи иттилоот муаррифӣ шудани тахайюли бофтаву осмонии онҳо мебошад, ки гӯё хизмат ба дин менамоянд, вале дар асл, чуз қатлу куштори ваҳшиёнаи сокинони осоишта ва амалисозии барномаҳои хоҷагони пасипардагии онҳо дигар чизе нест. Имрӯзҳо мақомоти амниятии кишварҳо аз пайи маҳву нобудсозии роҳҳои вусъатёбиву инкишофи гурӯҳҳои террористӣ бо мақсади тамоман аз байн бурдани ин мушкилоти глобалӣ талош меварзанд. Яке аз василаҳои аслии ба шикаст рӯ ба рӯ намудани созмонҳои террористӣ, ин аз байн бурдани роҳҳои таблиғотии он буда, дар ин самт садҳо сомонаи интернетии таблиғотии гурӯҳҳои террористӣ ошкор ва қисме аз онҳо бекор карда шудаанд. Қисми дигари чунин саҳифаҳои таблиғотии ифротгароёна зери назорати қатъӣ қарор гирифтаанд.

    Ҳамзамон, намояндаи масъул аз ҷониби омӯзгорон ва садорати факултаву роҳбарияти донишгоҳ назорат ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба масъалаи давомотро аз роҳҳои санҷидашудаи коҳиш додани шомилшавии насли наврас ба гурӯҳҳои тундрав ва гирифтани пеши роҳи беҳудагардиву дур мондан аз таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим арзёбӣ намуд.

    Дар ин росто, зикр гардид, ки сарчашмаҳои асосии гаравидан ба гурӯҳҳои тундраву даҳшатафкан ва рӯ ба нашъамандиву ҷинояткорӣ овардани насли ҷавон - таълимоти ғайриқонунии динӣ ва фаҳмиши нодуруст дар мавриди истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоии тарғиботӣ мебошад, ки мутаассифона, дар ин кор беназоратӣ ва беаҳамиятии волидайн низ ҷой дорад.

     Дар идомаи суҳбат намояндаи мақомот донишҷӯёнро ба қавӣ намудани дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар даъват намуда, дар ин масир, ташкили маҳфилҳои муттаҳидкунандаро аз омилҳои таъсиргузор ва зуд бо ҳам унсгиранда хонд.

     Дар охир донишҷӯёнро ба садоқатмандиву вафодорӣ ба миллату меҳани азиз ва коҳилӣ накардан дар роҳи азхудкунии донишҳои муосир ва ихтироъкорӣ даъват намуд.

    Пас аз баромади намояндаи КДАМ сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи муассисаи таълимӣ Сайидалӣ Ҳайитов ва муовини ректор оид ба илм Фирӯз Қодиров ба музокира баромада, ҳамфикрии худро дар мавриди аксари масъалаҳои аз ҷониби намояндаи мақомоти амният бамиёнгузошташуда иброз доштанд.

    Дар фароварди мулоқот раёсати ДДМИТ ба намояндаи КДАМ барои як мулоқоти озоду пурмуҳтаво ва судманд, ки воқеан ҳам хотирмон ва омӯзанда буд, изҳори сипос намуданд.

 

М. ОЧИЛДИЕВ