Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

GALLUP: ТОҶИКИСТОН АМНТАРИН КИШВАРИ РӮЙИ ОЛАМ

GALLUP: ТОҶИКИСТОН АМНТАРИН КИШВАРИ РӮЙИ ОЛАМ

    Зимни назарсанҷии навбатии Пажуҳишгоҳи афкори иҷтимоии Gallup, ки қароргоҳаш дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти 96 хол дар байни 142 кишвари дар пурсиш ширкаткунанда амнтарин кишвари ҷаҳон эътироф гардида, мақоми аввалро сазовор гардид.

    Тибқи натиҷагирӣ аз раддабандии мазкур, ки ҳисоботи онро ҳамасола маҷаллаи муътабари Global Safety Report мунташир месозад, авлавият, пеш аз ҳама, ба он кишварҳое дода мешавад, ки он ҷо амният, ҳифзи тартибот ва суботу оромӣ ҳукмрон буда, шаҳрвандонаш ба кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот эътимод доранд.

   Ба қавли муаллифони гузориш, назарсанҷии гузаронидаи онҳо дар кӯчаву гулгашт ва маконҳои ҷамъиятии Тоҷикистон собит намудааст, ки 96 дарсади одамон ба намояндагони ҳифзи ҳуқуқи кишварашон комилан бовар доранд ва ҳатто ҳангоми сайругашти шабонгоҳӣ ҳам худро амну осуда эҳсос мекунанд.

   Ба даҳгонаи ҷадвали назарсанҷӣ пас аз Тоҷикистон кишварҳои Финландия, Исландия, Кувайт, Люксембург, Норвегия, Ветнам бо касби 92 хол ва Швейтсария, Дания, Индонезия бо ба даст овардани 90-холӣ шомил шудаанд.

   Ёдовар мешавем, ки назарсанҷии мазкур аз ҷониби Пажуҳишгоҳи афкори иҷтимоии Gallup ба таври мунтазам ҳамасола гузаронда мешавад.

   Дар раддабандии соли 2024 Тоҷикистон бо сазовор гардидан ба 95 хол баъд аз Сингапур, ки 12 сол пайиҳам дар садри ин ҷадвал қарор дошт, мақоми дуюмро соҳиб шуда буд.

   Ба ҳайси амнтарин кишвари сайёра эътироф гардидани Тоҷикистон ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки то ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот расад ва масъулияти бештаре дошта бошад.

 

М. ОЧИЛДИЕВ