Хабарҳо

ҚАТРАИ ДИЛРО ЯКЕ ГАВҲАР ФИТОД
Рӯзи 22 сентябри соли равон дар Китобхонаи илмии ДДМИТ маҳфили илмӣ-адабии «Забони миллат - ҳастии миллат»-и кафедраи забони тоҷикӣ дар мавзуи «Рӯзи Рӯдакӣ - ҷашни адабиёт ва истиқлоли фарҳангии мо» доир гардид.
Нахуст, устоди кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшул аҳли илму адабро ба ин муносибат табрик намуда, устод Рӯдакиро «нобиғаи беҳамтои дунёи шеъри тоҷикӣ» ном бурд. Дар идома нотиқдар бораи гиромидошт ва эътибору эътирофи ин шахсияти оламшумул изҳори андеша кард.
Сипас, устодони кафедраи забони тоҷикӣ Манзура Ҳасанова, Нигина Сироҷова, Савринисо Муҳаммадиева, Мадислом Раҳмонов ва Илҳом Мирзоев аз саҳми устод Рӯдакӣ дар пойдориву тарғиби фарҳангу маънавиёт ва мақоми забони форсӣ-тоҷикӣ сухан ронданд.
Ҳамзамон, донишҷӯён аз эҷодиёти ин қофиласарои назм шеърҳо қироат карданд.
Дар маҳфил, инчунин сардори раёсати илм ва инноватсия Осим Фарайдунов, мутахассиси ин раёсат Рухшона Нурмаҳмадова ва директори Китобхонаи илмии донишгоҳ Азизулло Исматуллозода иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар бақову пойдории забони тоҷикӣ саҳми Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст.
Сардафтари адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ ба осори устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи махсус доштаву гуфтааст: «Забони шеъри Рӯдакӣ бисёр сода ва ҳамафаҳм аст, ӯ калимаҳои арабиро бисёр кам кор мефармояд ва аз суханҳои форсӣ-тоҷикӣ ҳам бештар содатарин ва оммафаҳмтаринашонро чида гирифта, ба кор мебарад».
Дарвоқеъ, ашъори устод Рӯдакӣ равону самимист ва дорои арзиши баланди панду ахлоқ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2002 инҷониб ҳамасола 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад, ки ин арҷгузорӣ ба ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно бо ҳисоб меравад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия