Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО МУТАХАССИСИ БАХШИ ҲУҚУҚИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 22-юми сентябр дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ вохӯрии мутахассиси бахши ҳуқуқи донишгоҳ Наҷибуллои С. бо донишҷӯёни курсҳои 2-4 доир гардид.
Ҷаласаро декани факултет С. Темурбекова ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки 20 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси ДДМИТ вохӯрии намояндагони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ҳайати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гашт. Дар он устодони факултет бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд. Вобаста ба ин, ҷиҳати иҷрои масъалаҳои баррасигардида ва супоришҳои дар чорабинии мазкур пешниҳодгардида садорати факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ тасмим гирифтааст, ки дар доираи дарси кураторӣ пайваста чунин вохӯриҳо доир намояд.
Сипас, мутахассиси бахши ҳуқуқи донишгоҳ Наҷибуллои С. оид ба мубориза бо ришваситонӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, тартиботи дохилидонишгоҳӣ, ташкили маҳфилҳои тарбиявӣ байни донишҷӯён, худдорӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуд. Ба сарпарастони гурӯҳҳои академӣ супориш дода шуд, ки маъалаҳои мазкур дар раванди дарсҳои тарбиявӣ мунтазам баррасӣ карда шаванд.
Баъдан, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷ. Ҷангиев зимни суханронӣ қайд кард, ки агар тарбияи донишҷӯ хуб набошад, таълими дуруст гирифтани ӯ низ ғайриимкон аст. Ҳамзамон, сабаби шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб надоштани имтизоми дуруст ва камсаводӣ низ мебошад.
Дар фаҷом декани факултет масъалаҳоеро, ки дар вохӯрии судманд бо намояндагони КДАМ гуфта шуд, пешниҳоди ҳозирин намуда, кураторони гурӯҳҳои академиро вазифадор кард, ки супоришҳои мазкурро дар гурӯҳҳои худ баррасӣ намоянд.
Тағоймурод Эшзода