Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮИ ДДМИТ
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми сентябри соли равон дар толори варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо байни даҳ даста баргузор гардид. Дар он намояндагони Ҷумҳурии бародари Узбекистон низ иштирок доштанд.
Дар ин мусобиқа донишҷӯйи курси 2-юми факултети иқтисод ва идораи давлатии ДДМИТ Абдулло Баҳодуров дар вазни 64 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Бояд қайд кард, ки ин донишҷӯ дар чандин мусобиқањои варзишии ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, борҳо ғолибият ба даст овардааст.
- Мо аз корнамоињои Абдулло Баҳодуров мефахрем ва аз ӯ умедҳои зиёд дорем. Зеро ҷавониаш нигоҳ накарда, аллакай чандин маротиба дар мусобиқаҳо бо ғолибият номи донишгоҳ ва ҷумҳуриро баланд бардоштааст, - мегӯяд бо ифтихор мураббиаш Собир Шокиров.
Мо ин варзишгарро бо пирӯзиии набатиаш табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъда барояш муваффақияту музаффариятҳои нав ба навро таманно менамоем.
Тағоймурод Эшзода