Хабарҳо

ДОНИШҶӮЁН БОЯД ТАРБИЯИ ДУРУСТ ГИРАНД
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён 24 сентябр садорати факултети молия ва қарз бо иштироки Сиёвуш Ҳабибов - сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва Ҷаъмахон Ҷангиев - сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ соати тарбиявӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни курси якуми ин факултет иштирок намуданд.
Муҳтавои чорабиниро вохӯрии намояндагони Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе бо ҳайати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки санаи 20 сентябри соли 2025 баргузор гардида буд, дар бар гирифт.
Сиёвуш Ҳабибов зимни суханронӣ дар бораи мубориза бо ришваситонӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, тартиботи дохилидонишгоҳӣ, ташкили маҳфилҳои тарбиявӣ байни донишҷӯён, худдорӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пўшидани либосҳои тавсиявӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуд.
Қайд карда шуд, ки донишҷӯён бояд тарбияи дуруст гиранд ва ҳушёр бошанд, ҳеҷ гоҳ зери таъсири таблиғоти ғаразнок қарор нагиранд ва дар мубориза бо ин зуҳурот саҳми арзандаи худро гузоранд.
Тағоймурод Эшзода