Хабарҳо

ЗАБОН - РУКНИ АСОСИИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ
Бо ибтикори кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, 2-юми октябри соли равон дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии донишгоҳ вобаста ба Рӯзи забони давлатӣ семинар дар мавзуи “Забон - рукни асосии миллат ва давлат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони кафедраҳои забони русӣ ва англисӣ ширкат варзиданд.
Сараввал, декани факултет София Темурбекова зикр кард, ки боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии маҳбуби мо - Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ таҷлил мегардад. Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи арзишҳои таърихии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, ки Рӯдакиву Ҷомӣ, Румиву Саъдӣ, Айниву Турсунзода ва садҳо ҳазор нобиғагони дигари таърих ба ин шеваи зебо сухан гуфтаву шеърҳо эҷод намуда, достонҳо навиштаанд.
Забон ин таъминкунандаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба ин давра чандин тазодҳо ва пайраҳаҳоро тай намуд ва то ба имрӯз солим омада расид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд.
Дар идомаи семинар, Ҷумъа Махшулов - омӯзгори кафедраи забони русӣ ва Ромиз Дӯсмуродов - муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷї вобаста ба забони давлатӣ, омӯзиши забони русиву англисӣ ва фарқияти байни ин забонҳо баромад намуда, қайд кард ки имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Зеро давлат бе забон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат аст. Гузашта аз ин, яке аз муқаддасоти асосии он мебошад. Ғамхориву таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон ҳамчун сарвати бебаҳо ва нишонаи муҳимтарини истиқлолу озодӣ, соҳибдавлативу соҳибфарҳангӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар мунтазам меафзояд.
Иштирокчиён бо ифтихор изҳор намуданд, ки осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст.
Тағоймурод Эшзода