Хабарҳо

ЗАБОН - ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТ, ОМӮЗГОР - ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ
2-юми октябри соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон бо иштироки Ҷамила Саидова - дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Забон - пойдевори давлат, омӯзгор - чароғи маърифат» чорабинӣ доир гардид.
Сараввал, декани факултет Ёрибек Тилабов омӯзгоронро ба ин санаҳо табрик намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди нақш ва мақоми омӯзгор дар тарбия ва ба камол расонидани насли ободкору бунёдгар дар ҷомеа таъкид доштаанд: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем”.
Ҷамила Саидова дар навбати худ гуфт, ки болоравии соҳаи илму маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа аз ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Қадрдонии хидматҳои омӯзгорони пешқадам бо ҷоизаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани ин гуфтаҳост.
Баъдан мудирони кафедраҳои тахассусӣ Бобо Бобомуродов ва Кӯҳзод Шодиев дар бораи мақому манзалати забону омӯзгор фикрҳои ҷолиб баён намуданд.
Дар охир аз тарафи донишҷӯёни курси се Исмоил Асроров ва Нилгуна Абдулҳақова шеърҳо бо чор забон қироат карда шуданд.
Баргузории ин гуна чорабиниҳои муфид барои тақвияти худшиносии миллии донишҷӯён, эҳтирому забони модариву омӯзгор мусоидат менамояд.
Тағоймурод Эшзода