Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

     Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон 2-юми октябри соли равон дар факултети молия ва қарзи донишгоҳ бо иштироки мудири кафедраи забони тоҷикӣ Манзура Ҳасанова ва устодону кормандон ҷамъомади илмию маърифатӣ доир гардид.

    Декани факултет Баҳодур Ҷурахонзода доир ба мақому манзалати омӯзгор ибрози ақида намуда, афзуд, ки муаллим равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Муаллим ҳаст, ки дари илму донишро ба рӯи инсон мекушояд. Агар барои аз хоби ноз бедор кардани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният мақоми омӯзгор калон аст.

    Манзура Ҳасанова бошад, дар навбати худ аз саҳму манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеаи навин ва ҷаҳони муосир андешаҳояшро баён намуд. Номбурда чунин қайд кард, ки забон муаррифгари халқу миллат мебошад. Дар ҳамаи давру замон соҳибони забон барои покизагии он талош варзидаанд. Зеро ҳастию бақои ҳар як халқу миллат аз ҳастии забон сарчашма мегирад.

    Маҳз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони қудратмандии забони тоҷикиро баъд аз ҳазор сол фароҳам овард.

    Гуфта шуд, ки истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллату давлат аст. Забони тоҷикӣ яке аз шевотарин ва қадимтарин забонҳо ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки забон моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оини таърих ва давлатдории мо ба ҳисоб меравад.

Тағоймурод Эшзода