Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

АКСИЯИ ТАБРИКОТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ДДМИТ

АКСИЯИ ТАБРИКОТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ДДМИТ

     Ба муносибати Рӯзи омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ аксияи табрикотӣ баргузор гардид.

      Зимни баргузории аксия садорати ин факултет тамоми устодони донишгоҳро ба иди касбиашон бо самимият табрик намуда, ба онҳо гулу туҳфаҳо ва табрикномаҳои идона тақдим намуданд.

      Беҳуда нагуфтаанд, ки сарчашмаи ҳамаи хӯшиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз насли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд.

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,

Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.

Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,

Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон