Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши идона бахшида ба идҳои миллӣ

Ҳамоиши идона бахшида ба идҳои миллӣ

     Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида, дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бахшида ба Рўзи забони давлатӣ ва Рўзи омўзгорон чорабинии бошукўҳ доир гардид.

     Нахуст, мудири кафедраи бехатарии иқтисодӣ дотсент М. Абдуллоев доир ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва нақши забони давлатӣ ибрози андеша намуда, афзуд забони давлатӣ аз ҷумлаи арзишҳои ниёгонамон ба ҳисоб меравад, з-ин рӯ, мебояд онро боз ҳам муқаддас донем ва ҳифз намоем.

     Сипас, донишҷўёни курси 4-уми ихтисоси хадамоти гумрук оид ба таърих ва такомули забони давлатӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд. Қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад.

     Дар анҷоми чорабинӣ муовини декан оид ба илми факулетет н.и.и. Д. Ҳукматов дар бораи нақш ва муҳиммияти истифодаи забони давлатӣ фикру андешаҳои хешро баён намуд. Номбурда, зикр кард, ки забони тоҷикӣ рукни асосии соҳибихтиёрии давлат мебошад, зеро эътирофу шинохти давлат аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ маҳз аз ин падида сарчашма мегирад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия